Шарифзода Холмурод Тӯра 24.12.1969 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна, солҳои 1988 то 1990 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат кардааст. Коллеҷи тибби ноҳияи Данғараро соли 1992 хатм кардааст. Аз соли 1992 то соли 1998 дар беморхонаи марказии ҳамин ноҳия кор кардааст. Аз соли 2003 то ҳол дар ҶСК осоишгоҳи «Хоҷа Обигарм» –и МД «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ» – и Датсгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мудири шуъбаи «Буғи шифо» кор карда истодааст. Зиёда аз 20 сол таҷрибаи корӣ дорад.