Сангов Муҳиддин Шамсиддинович духтури табобатӣ, духтури бемориҳои асаб. 7 октябри соли 1981 дар деҳаи Хоҷа Оби Гарми ҷамоати Варзоб, қалъа ноҳияи Варзоб таваллуд шудааст. Пас аз хатми МТМУ №4-и ноҳияи Варзоб ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, онро соли 2004 ба дараҷаи бакалаврият, соли 2005 кори табобатӣ, соли 2006 дар зинаи магистратура дар факултети духтури оилавӣ аз рӯи ихтисоси кори табобатӣ сарбаландона хатм намудааст. Солҳои 2006 — 2007 ба ҳайси духтури тибби оилавӣ дар МСД Ҳушёрӣ н. Варзоб кор карда, соли 2008 дар Маркази Ҷумҳуриявии бемориҳои дил, дар ҷои кор оиди «Кардиологияи клиники» такмили ихтисос намуда, баъдан дар заминаи шуъбаи физиотерапия, ЛФК ва массажи «Маркази миллии тиббӣ» — и Ҷумҳурии Тоҷикистон бозомӯзии касбиро дар ҷои кор дар мавзӯи «Табобати физиотерапевти» давом дода соҳиби сертификат шудааст. Баъд аз гузаштани курсҳои махсус соли 2008 то 2019 дар Осоишгоҳи «Сароб» Хоҷа Обигарм дар вазифаи духтури табобатӣ кор ва фаъолият кардааст. Соли 2018 дар КВД «Маркази Ҷумҳуриявии тибби халқӣ» дохил шуда, курси пурраи сӯзандармониро хатм намуд. Соли 2019 то 2020 таҳсили ихтисосгирии аввалияро дар Донишкадаи таҳсилоти Ҷумҳуриявии баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «Бемориҳои асаб» ба итмом расонид. Аз 1-уми июни соли 2021 то кунун дар ҶСК осоишгоҳи «Хоҷа Обигарм»-и МД «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукумотӣ» -и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати духтури табобатӣ ва духтури бемориҳои асаб кор карда истодааст. Зиёда аз 17 сол таҷрибаи корӣ дорад.