Раҷабова Моҳсанам Нуровна
муовини директори генералӣ оид ба табобат
сардухтури осоишгоҳ, духтури дараҷи олӣ

15 февлари соли 1975 дар деҳаи Навободи шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Пас аз хатми МТМУ№56–и ш. Ҳисор ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, онро соли 1998 сарбаландона хатм намудааст. Инчунин, Академияи илмҳои тиббии баъдидипломии шаҳри Москваи Федератсияи Россияро ба итмомо расонидааст. Зиёда аз 24 сол собиқа корӣ дорад. Аз соли 2004 то соли 2022 дар МД ММТ ҶТ ба ҳайси духтури бемориҳои пуст ва бемориҳои зуҳравӣ фаъолият кардааст. Аз моҳи феврали соли 2022 то кунун дар ҶСК осоишгоҳи «Хоҷа Обигарм» –и МД «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ» – и Датсгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати муовини директории генералӣ оид ба табобат ба фаъолият оғоз намудааст.