Нозирзода Шарафҷони Файзалӣ 18 июни соли 1992 дар деҳаи Хоҷа Обигарми ноҳияи Варзоб ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёна аз соли 2011 то соли 2013 дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат таҳсил кардааст. Аз соли 2014 то ин ҷониб дар ҶСК осоишгоҳи «Хоҷа Обигарм» –и МД «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ» – и Датсгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси бародари тибб дар ҳуҷраи шустушӯи рӯдакҳо кор карда истодааст.