Дар ин ҷо обҳои мусаффо ва дигар манзараҳои дилфиреб касро ба олами рӯъёҳо мебаранд.

Мутаассифем, кам одамоне ҳастанд, ки ба тамошои ин манзараҳои назаррабо мераванд ва дилхушӣ мекунанд.

Сарфи назар аз ин, имрӯз аз тарафи роҳбарияти Осоишгоҳи Хоҷа Обигарм барои дилбохтагони табиат шароит муҳайё гардидааст. Дӯсторони табиат ва манзараҳои дилфиреби он метавонанд аз аспҳои хуталии барои саёҳат пешбинишуда истифода баранд.

Касоне, ки ба осоишгоҳи Хоҷа Обигарм меоянд, метавонанд бо пардохти муайян аспсаворӣ кунанд. Арзиши истифодаи аспҳо аз рӯйи масофа ва вақти истифодабарӣ муқаррар карда шудааст. Аспсаворӣ, ки як анъанаи куҳани тоҷикон аст, ба кас завқ ва ҳаловат мебахшад. Аспсаворӣ дар оғӯши кӯҳсор аз ҳар ҷиҳат манфиатовар аст. Аз як тараф аз тамошои манзараҳои кӯҳсор лаззат мебарем, аз аз ҷониби дигар аз ин завқмандӣ, яъне аспсавориву аспдавонӣ неруи тоза мегирем.

Онҳое, ки мехоҳанд дар канори табиат истироҳат ва фароғат намоянд, барои онҳо низ шароит фароҳам аст. Дар лаби дарёҳое, ки аз 4 тарафи осоишгоҳ ҷориянд, нимкатҳои болопӯшида сохта шудаанд. Истирохаткунандагон метавонанд хӯрокҳои худро аз осоишгоҳ дархост намоянд ё ҳамроҳ маҳсулоти хӯрокворӣ оварда, пухта истеъмол намоянд.

Умуман, барои ҳар кас мувофиқи табъу завқ имконият муҳайё карда шудааст. Фақат омадан бо чашми худ ин манзараҳову имкониятҳоро дида, ҳаловат бурдан ба иродаву майли худи шахс вобаста аст.